Куҷое дар шаби ҳиҷрон ки зориҳои ман бинӣ

Чу шамъ аз чашми гирёни ашкбориҳои ман бинӣ

Куҷое эй ки хандонами зи васлат дӯш ме дидӣ

Ки имшаби гиряҳои зору зориҳои ман бинӣ

Куҷое эй қадаҳҳо аз кафи ағёри нӯшида

Ки аз ҷоми ғамати хунобаи хориҳои ман бинӣ

Шабӣ чанд аз худо хоҳам ба хилват то саҳаргоҳон

Нишинӣ бо ману шаби зиндаи дориҳои ман бинӣ

Шудам ёри ту ва аз ту надидам ёрӣ ва хоҳам

Ки ёри ман шӯй эй ёру ёриҳои ман бинӣ

Барои имтиҳон то май туоне бори дарду ғам

Буна бар дӯши ман то бурдбориҳои ман бинӣ

Барои ёдгори хеши шеърӣ чанд аз ҳотиф

Навиштам то пас аз ман ёдгориҳои ман бинӣ