Кӯии ҷонон аз рақибони пок будӣ кошкӣ
Ин гулистон бехасу хошок будӣ кошкӣ
Ёри ман пок ва ба рӯйиши ғайр чун дорад назар
Дида ӯ чун дили ман пок будӣ кошкӣ
Қасд қатлам дораду андеша аз мазлӯмем
Ёр дар ошиқи кашӣ бебок будӣ кошкӣ
То ба домонаш расад дастам ба имдоди насим
Ҷисми ман дар раҳгузораши хок будӣ кошкӣ
Синаам аз тири длдўзи ту чун дорад нишон
Гарданамро тавқ аз он фитрок будӣ кошкӣ
Ғунчаи сони ҳотифи дилам аз ишқ чун сад пора аст
Синаам зини ғам чу гули сад чок будӣ кошкӣ