Шқ кардаем пардаи пиндори хеш ро

Бепарда дидаем рухи ёри хеш ро

Дар байъгоҳи ишқ ба нархи ҳазор ҷон

Мо мехарем нози харидори хеш ро

Марҳам чаҳ эҳтиёҷ ? ки ошиқи зи сӯзи ишқ

Хобоанд дар намак , дили аФгори хеш ро

Аз нақши по ба хоки раҳати мо фитодагон

Афзӯдаем пастии девори хеш ро

Он булбулам ки май гузаронам ба зери бол

Айёми шодмонии гулзори хеш ро

Аз шамъам эй сабо , дами афсурдаи даври дор

Бигзор то тамом кунам кори хеш ро

Аз баргу бори орият эй нахли боди даст

Сангини мсоз , дӯши сбкбори хеш ро

эй ҷазбаи ҳимматӣ ки дарин дашти пари фиреб

Гум кардаем қофилаи солори хеш ро

Дар коми зоғ , туъма тӯтӣ макун , ҳазин

Бишнос қадари калаки шукри бори хеш ро