Лаълати ҳаёти бахши дилу ҷон ошиқ аст

Обаши зулоли чашмаи ҳайвон ошиқ аст

Шӯридагӣ бурун наравад аз димоғи мо

Занҷири зулф , силсилаи ҷунбон ошиқ аст

Мижгон ба ҳам наме занам аз шӯри растхез

Ғавғои ҳашар , хоби парешон ошиқ аст

Боғу баҳори ъушрати мо дар канори мост

Домани зи ашки сурх , гулистон ошиқ аст

Ҳабли алмтини зулфи туро нест кӯтаҳӣ

Зуннори куфру сбҳаҳи имон ошиқ аст

Афтодаи барқи хирмани пиндори куфру дайн

Ин оташӣ ки дар дили сӯзон ошиқ аст

Гар шӯри пистаи ту намакдон ба доғи рехт

Ширини табассумати шкрстон ошиқ аст

Бархест даври хати ту шӯр аз дили ҳазин

Айёми нағмасанҷӣ дастон ошиқ аст