Ба гирди ориз ӯ хат анбарин пайдост
Чу сабзае ки бар атроф ёсамин пайдост
зи номи тақвои ман , балки саргарон шудае ?
Ки аз ҷабини ту чун мавҷи бода , чин пайдост
Муҳаббатам ба дилат карда гўиёи асарӣ
зи илтифоти ниҳони ту , ин чунин пайдост
Тараҳҳумӣ , ки марои устихони зи коҳиши ғам
Ба ранги пунбаи доғам , з остин пайдост
Гирифтам онкӣ , наҳуфтӣ зи халқи хӯни маро
Хаданги ғамзаи хўнризт аз камӣн пайдост
Ба халқи хуш , шудае шуҳраи ҷаҳони лекин
Кам илтифотят , аз хотир ҳазин пайдост