Теғат ба серум хумор нагузошт

Ҳасрат ба дил фигор нагузошт

Абри мижа дар гуҳари нисорӣ

Моро зи ту шармсор нагузошт

Шодем ки гиряҳои мастӣ

Бар хотири мо ғубор нагузошт

Он сабзаи хат ва он биногваш

Номӯси гул ва баҳор нагузошт

Доғи дили хастаро ба марҳам

Он турраи машк бор нагузошт

Бар дӯш ва барам радои тақво

Он наргис мегусор нагузошт

Бар лавҳи дилами зи ғайри нақшӣ

Ёди ту ба ёдгор нагузошт

Бедоди тағофулати марои кишт

Бо ханҷари ғамза , кор нагузошт

Ҷони назр висол карда будам

Ҳиҷрони ситеза кор нагузошт

Сар бар қидмат ниҳода будам

Афсӯс ки рӯзгор нагузошт

Ёдати дилу дидаи ҳазин ро

Шарманда интизор нагузошт