То дил аз худ наравад , ҳол парешоне ҳаст

Завқи васлӣ ба камолу шаб ҳиҷроне ҳаст

Чун сар аз перҳани ишқи براردи ошиқ ?

На рақибӣ ва на мисрӣ ва на канъонӣ ҳаст

Сар ба сари шукру шикояти ҳама аз ёд равад

На лаби захмӣ ва на чок гиребонӣ ҳаст

Манам он Мӯсои саргарм ки дар таври вуҷӯд

Ҳар тараф менагарм , оташ сӯзоне ҳаст

Кишвари ҳасани туро боғу баҳори ъҷбист

Ҳар тарафи мастӣ ва ҳар гӯша ғзлхўонӣ ҳаст

Аз дар лутфи дро , чини ҷабинро бигушоӣ

Завқи хотир ба шукри ханда пинҳонӣ ҳаст

Он қадрҳо набӯд бонги ҷараси синаи харош

Паии ин қофила гуё дил нолонӣ ҳаст

Дом агар мурғи чаманро гул Форғболӣ аст

Баҳри ҷамъияти мо зулф парешоне ҳаст

Рондааст аз ҳама дар , ғайрати ишқат , зоҳид

Вар на дар дайру ҳарам , душман ӣмонӣ ҳаст

Остини парда дар , аз дидаи хўнбор ман аст

То маро дар раги ҷон , ковуш мижгонӣ ҳаст

Буии дил аз нафаси гарм ту пайдост ҳазин

наметавон ёфт , туро оташ пинҳонӣ ҳаст