Дил дар ҳарими васли ту , поро нигаҳ надошт
Доғами азин сапанд ки ҷоро нигаҳ надошт
Равшан нашуд чароғи дилу дидааш чу шамъ
Ҳар сар ки зери теғи ту поро нигаҳ надошт
Пинҳон нагашт дар дили сад чок , рози ишқ
Ин хонаи шикаста , ҳаворо нигаҳ надошт
Дарюзаи нигоҳӣ аз он шоҳи доштам
Бигузашт саргарону гадоро нигаҳ надошт
Лаби ташнатар зи ғайрати ишқам ба хӯни ашк
Дар дидаи хоки он кафи поро , нигаҳ надошт
Фрсўд аз иштиёқи сагати устихони ман
Афсӯси азу , ки ҳақи вафоро нигаҳ надошт
Калакат нашуд хамӯш ҳазин , дар баҳору дай
Ин андалеби маст , наворо нигаҳ надошт