эй Юсуфи Миср аз ту гирифтори муҳаббат

Исо ба таманнои ту , бемори муҳаббат

Дар роҳ ғамат ҳаст ба кафи ҷони ҷаҳонӣ

Гармаст ба савдои ту , бозори муҳаббат

Ториктар аз шаб буд аз ҳиҷри ту рӯзам

эй равшании дидаи бедори муҳаббат

Куфрам буд ороиши рухсораи имон

Бастааст дил аз зулфи ту , зуннори муҳаббат

Дарёб диламро ба таҳи ҷуръаи нигоҳӣ

эй соқии паймонаи саршори муҳаббат

Дар водии осӯдагӣами вонгзорӣ

Раҳмӣ ба ман эй қофилаи солори муҳаббат

Аз сар наравад шамъи сифати афсари доғам

Бар сар задаам лолаи гулзори муҳаббат

То сар нашавад хоки сари кӯии ту мо ро

Осон нашавад уқдаи душвори муҳаббат

Афғони асирони набарди роҳ ба ҷое

Ин нағма таровад зи раги тори муҳаббат

Шерозаи авроқи ду олам буд аз ишқ

Пушти ду ҷаҳонаст ба девори муҳаббат

Нагирифт ҳазини кас ба ҷӯй , дайну дилат ро

эй мояи касоди сари бозори муҳаббат