Гарчи паймона ӣ май машриқи нур дигар аст

Бодаро дар гули рухсор , зуҳӯр дигар аст

Дили муштоқу забони арнӣ гӯй куҷост ?

Вар на ҳар санги дарин бодияи тавр дигар аст

Ҳаркиро кишвари дили малик сулаймонӣ шуд

Дар назар ҳар ду ҷаҳон , дидаи мӯр дигар аст

Чаҳ аҷаб гар равад аз нолаи ман кӯҳи зи ҷо

Бар лабами замзама ӣ ишқ , збўр дигар аст

Намаки ишқ ба доғи ту ҳалоласт ҳазин

Ки намакдони суханро зи ту шӯр дигар аст