Чун субҳ ба бар , дидаи ман перҳанӣ дошт

Дар пардаи магари ҳасрати нозук баданӣ дошт

Он файз куҷо рафт каз афшодани зулфаш

Ҳар нофаи доғам , ба гиребон хутанӣ дошт ?

Нагузошт ба кори дили сдпораҳ , дурустӣ

Он аҳд ки бо турраи паймон шиканӣ дошт

Ҳар тор ба роҳӣ равад аз зулфи ҳавосам

Ҷамъияти аҳбоб , парешон шуданӣ дошт

Дар ҷайби гиребон , гули чокии нФшондм

То синаам аз ғунчаи пайкон чаманӣ дошт

Чашм аз ғами маҳрӯмии дидор чаҳ ме кард

Гар фурсати як раҳ , мижа бар ҳам задане дошт ?

Аз заъфи расо , хона нишинем вагар на

Девонаи мо ҳар гузарӣ , анҷуманӣ дошт

Будаш сухан аз ҳасрати оби дами теғат

Дар пеши ту он рўзкаҳи захмам даҳанӣ дошт

Аз шавқи ту дили хона ба дӯшаст вагар на

Дркўии ғам , овораи мо ҳам ватанӣ дошт

Бекор наёраст кунад дасти марои марг

Бастади зи гиребон ва ба чок кафанӣ дошт

Умрӣаст ҳазин аз ?назарет рафт внгФтӣ

Даргоҳи санами хонаи мо , брҳмнӣ дошт