Асрори ту бо зоҳид ва мулло натавон гуфт

Бо кӯрдилон , нур таҷалло натавон гуфт

Чун оина , каз ҷилва дидор шавад гум

Моро ба тамошои ту пайдо натавон гуфт

Аз омадани пайк сабо меравад аз ҳуш

Пайғоми ту бо ошиқ шайдо натавон гуфт

Имрӯз , азин марҳалаи сомон сафар кун

Дар мазҳаби мо имшаб ва фардо натавон гуфт

Сармастии он турра ба ҳаддии сет ки бо вай

Аҳволи парешоне дилҳо натавон гуфт

Бемории ман аз асари мастии чашмии сет

Дарди дили ман пеш масеҳо натавон гуфт

Ин он ғазали қосими анвор ки фармуд

Бо ишқи зтсбиҳ мусалло натавон гуфт