Ба гули таронаи мурғон бенаво абас аст

Фусун дӯстем бо ту бевафо абас аст

Дилам ба сина кунун каз тағофулат хӯн шуд

Таслим ба нигаҳҳои ошно абас аст

Ба ҳарза , дод ба девон осмон набарӣ

Ки пеши муддаӣони арзи муддао абас аст

Чунон ки гашта туро шева , поси булҳавасон

Шикоятам ба ту бегонаи ошно , абас аст

Бад аз рафоқати некон накӯ нахоҳад шуд

Сумумро сари ҳамроҳии сабо абас аст

Забони теғ ба нармӣ намешавад кӯтоҳ

Мулоимат ба ҳарифон беҳаё абас аст

Талоши давлати эксири ранги зарди ҳазин

Нагашта то миси қалби ту кимиё абас аст