Туро намудем ва гуфтам ба дил , ки ёр ин аст
Ба хӯн худ задае даст , агарнигор ин аст
Кафи бурӣда бе нисбати парасторон
Ба бистари ту гули афшонда , хори хор ин аст
Миёнаи ту ва ойӣна шуд сафои хушӣ
Миёнаи ману дил , ҳар нафаси ғубор ин аст
Магар ба он лаб ширин расад паёми дилам
Чу неи ҳаловатам аз нолаҳои зор ин аст
Ситам расида ӯйем ва фориғаст дилаш
Яке зи ҷумлаи ситамҳои бешумор ин аст
Ба ҳар чаҳ дида гушӯдем рафт ва доғ баҷост
Чаман фурӯзӣ гулҳои эътибор ин аст
з ҳар ки зоиқа гирад , иваз диҳад неъмат
Яке з бемазагиҳои рӯзгор ин аст
Ҳазин ба сафҳаи гетӣ ба ёди дидаи варон
Навиштам ин ду се мисра ки ёдгор ин аст