Тани сахтӣ кашам назор дил аст
Камари кӯҳи зери бор дил аст
Дил аз он турра дар парешоне аст
Сари ин фитна дар канор дил аст
Накунад новаки дуои асарӣ
Гиреҳи муддао , ба кор дил аст
Чашм то кор мекунад мо ро
Гул ашкасту навбаҳор дил аст
Чамани ишқро хазоне нест
Гули поянда , хори хор дил аст
Арақи шарми абр , аз дарёст
Дида то ҳаст шармсор дил аст
Сафи душман , забони бастаи шикаст
Лаби хомӯши зулфиқор дил аст
Май гудозад чу риштаи гавҳар
Нотавонӣ ки зери бор дил аст
зи дам , ойӣнаи поси дори ҳазин
Нафаси поки ҳам ғубор дил аст