Моием ва ҳамин орзӯии ёр ва дигар ҳеҷ

Қосид бирасон муждаи дидор ва дигар ҳеҷ

Ҳар мушкилӣ аз давлати ишқат шудаи осон

Дили монда , ҳамин уқдаи душвор ва дигар ҳеҷ

Мо аз тамаъи васли ту дар ишқ гузаштем

Бигузар зи ҳам оғӯшии ағёр ва дигар ҳеҷ

Тарафӣ ки ман аз ишқ батон бастаам ин аст

Дар хок барам ҳасрати дидор ва дигар ҳеҷ

Саҳласт агар чарх нагардад ба муродам

Маҳрӯм нагардад касе аз ёр ва дигар ҳеҷ

Мастии сет , ки дармони дили сӯхтаи мост

Соқӣ бирасон соғари саршор ва дигар ҳеҷ

Бартоб ҳазин , аз ду ҷаҳони дидаи дил ро

Ишқаст дарин доира , даркор ва дигар ҳеҷ