Осон на ба паймона саршор шавад сурх
Рухсор ба хӯн хӯрдан бисёр шавад сурх
Ҳарфи ҳақи Мансур ба ман сабз шуд имрӯз
Вақтаст зи хӯнами илм дор шавад сурх
Гардун накунад чораи рухсораи зардам
Он гӯна , ба як ҷуръа чаҳ миқдор шавад сурх ?
Маҷнӯни ман оростаи саҳрои ҷунун ро
Аз файзи гул обилаам хор шавад сурх
Базмӣ ки ту аз май , чу гул аз пардаи даройӣ
Аз ҷоми висолат дар ва девор шавад сурх
Резӣ ба санами хона агар ранги таҷаллӣ
Аз хӯни брҳмни раг зуннор шавад сурх
Гардад май лаълии арақ аз чеҳраи олат
Аз акси ту дар оина зангор шавад сурх
Ояд ба назар чун раги гул , тири нигоҳат
Дил шуд чу ҳадаф , то лаб сӯфор шавад сурх
Ковади қаламами кони Бадахшони ҷигар ро
Аз гавҳари ман рӯй харидор шавад сурх
Зини бода ки ман кардаам аз пардаи дили соф
Байнед худоро , рух ағёр шавад сурх
Чун теғи ҳазин , бас ки чакад аз қаламати хӯн
Рӯй варақи сода чу гулзор , шавад сурх