Шабии зи ҳиҷри ту моро ба сар наме ояд
Ки пораи ҷигар аз чашм тар наме ояд
Ба ранги мӯ , зи серуми хори по бурун омад
Чаҳҳо ки дар раҳи ишқат ба сар наме ояд
Накӯаст ҳарчӣ кунад бо ман фалак зада дӯст
Ки бад , ба дидаи соҳиб назар наме ояд
Магар ба ранги сабу , май ба ком мо резанд
зи дасти бастаи мо кор бар наме ояд
Ҳазин бехабар аз худ , зи худ хабардор аст
Туро ки бо худӣ , аз худ хабар наме ояд