Кунад бар тахти иззати ҷо , чу аз тани ҷон бурун ояд
Ба шоҳӣ мерасад Юсуф , чу аз зиндон бурун ояд
зи бас аз дарди ҳиҷрон зиндагонӣ гашта душворам
Раги ҷон бе ту чун тори нафаси осон бурун ояд
зи тири ғамза ӯ бас ки дорад дили ҷароҳат ҳо
Нафас аз сина хӯн олуд , чун пайкон бурун ояд
Сипаргар монеъи тир қазо гардад , тавонад шуд
Ки дил аз ӯҳдаи он ковуши мижгон бурун ояд
Ба пои хами ман махмур , лаб бар хок май молам
Сабуии қисматами хушк аз дили Аммон бурун ояд
зи кӯдаки машрабӣ ҳо мехӯрд зоҳиди ғами рӯзӣ
Ки аз коми ҳарисаши луқма чун дандон бурун ояд
Ҳазини эҳсонӣ аз мижгонтар дар кор дарё кун
Ки то коми садаф аз миннати эҳсон бурун ояд