эй вой бар асирӣ , каз ёд рафта бошад

Дар дом монда бошад , сайёд рафта бошад

Аз оҳи дарднокии созами хабари дилат ро

Рӯзӣ ки кӯҳи сабрам , бар бод рафта бошад

Раҳмаст бар асирӣ , каз гирди доми зулфат

Бо сад умедворӣ , ношод рафта бошад

Шодам ки аз рақибони домани кашони гузаштӣ

Гӯи мушти хоки мо ҳам , бар бод рафта бошад

Оҳ аз дамӣ ки танҳо бо доғ ӯ чу лола

Дар хӯн нишаста бошам , чун бод рафта бошад

Хунаш ба теғи ҳасрат ёрб ҳалоли бодо

Сайдӣ ки аз камандат , озод рафта бошад

Пуршӯр аз ҳазинаст имрӯзи кӯҳу саҳро

Маҷнӯн гузашта бошад , Фарҳод рафта бошад