Ҷонони зи ман оё хабарӣ дошта бошад ?

Оҳи дили сӯзон асарӣ дошта бошад ?

Хуршед чу дӯди дили мо , парда нишин аст

Ин тираи шаб оё саҳарӣ дошта бошад ?

Мо шиква , з бераҳмӣ сайёд надорем

Кӯ дар қафасӣ , мушт парӣ дошта бошад

Бар синаи каси дасти рад , осон нагузорӣ

Шояд ки гиромӣ гуҳарӣ дошта бошад

Айши абадӣ бо раги ҷонии сет ки дар ишқ

Пайванд ба мӯӣ камарӣ дошта бошад

Аз хушкии зоҳиди дилами афсарад , ҳарифон

Вақтаст ки домон тарӣ дошта бошад

Бо оташи мо шуъла прессатон муҳаббат

Хуш бошад агар шамъ сиррӣ дошта бошад

Раҳмаст ба он сӯхтаи иқбол ки чун шамъ

Оҳӣ , ба умед асарӣ дошта бошад

Мижгони зибардасти ту , бекори мабодо

Нохун ба харош ҷгарӣ дошта бошад

Набӯд гунаҳигар зи шароби нигаҳи ту

Паймонаи мо ҳам , қадре дошта бошад

Аз барқ бипурсед саранҷоми ҳазин ро

Шояд ки зи ҳолаш хабарӣ дошта бошад