Хуршед , дарин кулбаи шаб афрӯз набошад

Хуршеди рухӣ , то набӯд рӯз набошад

Дар ҷаъбаи мижгони ҷФокиши ту ҷоно

Як тир надидем ки длдўз набошад

Ҳаргиз назанад булбул шӯрида навоем

Аз сина , сафирӣ ки ғам андӯз набошад

Чун ман натавон аз сари кунин гузаштан

То ҳимматӣ аз толеъ фирӯз набошад

Чун субҳ ба поси дам агар ҳозир вақте

Он рӯз кадомаст ки наврӯз набошад ?

Чун шамъи дарин базм маҳол аст барорам

Ҳаргизи сари ҳарфӣ ки забон сӯз набошад

Чун калаки хуши оҳанги ту , имрӯз ҳазин нест

Мизроби навозӣ ки навомӯз набошад