Хаҷал дар барам , ақл нодон нишинад

Чу зоҳид ки дар базм мисатон нишинад

Нишинад хаёли ту дар гӯшаи дил

Чу Юсуф ки дар кунҷ зиндон нишинад

Ҳамин бас ки дар фикри шабҳои маҷнӯн

Сари зулфи Лайлӣ , парешон нишинад

Дили озурдаи шоми ҳиҷри ту чун шамъ

Ба ҳар ҷо нишинад , гудозон нишинад

Ҳазин , онкии сомони васли туро сӯхт

Ба хокистари шом ҳиҷрон нишинад