Дар дидаи ман ғайри рух ёр нагунҷад
Дар оинаи ҷузи партав дидор нагунҷад
ӯ гарм итобасту марои ғам ки мабодо
Дар ҳавсилаам ин ҳама озор нагунҷад
Фарёд ки ғамҳои ту зи андоза бурун аст
Тарсами ҳама дар сина ба якбор нагунҷад
Аз тарзи сухани сози нигоҳи ту , шунидам
Он роз ки дар парда изҳор нагунҷад
Зон бихўд ва мастем ки ҳаргиз май тавҳид
Дар ҷоми дили мардум ҳушёр нагунҷад
Мо чун хам май , ринд харобот нишинем
Дар маҷлиси мо зоҳид дайндор нагунҷад
Зоҳиди туу фирдавс , ки сармасти муҳаббат
Ҷуз дар сафи риндони гунаҳ кор нагунҷад
Сармасти ҳазин аз май мансӯрӣ ишқ аст
Шӯридаи сараш , ҷуз ба сардор нагунҷад