Хубон ба раҳи меҳру вафо по нагузоранд
То ҳасрати олам ба дил мо нагузоранд
Ин расм , ғарибаст ки дар хилвати дидор
Бепарда даройанд ва тамошо нагузоранд
Ҳаргиз накунад гул , чаман бесару поён
То бар сари хор , обила ӣ по нагузоранд
Улфат ҳавасам нест ба дилҳои чамани сайр
Тарсам ки маро бо ғами худ во нагузоранд
Мисатон чаҳ харобанд ки хуноби дилам ро
Дар ҷом наризанд ва ба мино нагузоранд
Ҳаргиз назанад хаймаи бурун , оҳи ман аз дил
Вусъати талабони доман саҳро нагузоранд
Аз қофилаи ашки сабк хизтрӣ нест
Ин гарми равон , бор ба дилҳо нагузоранд
Аз пои дил хеш бикаш хори алойиқ
Роҳии сет ки сӯзан ба масеҳо нагузоранд
Даврии сет ки хӯн бо дили кас гарм наҷӯшад
Шаҳрии сет ки девона ба ғавғо нагузоранд
Нагузошт фалак дар кафи ихвони ғаюраш
То домани Юсуф ба Зулайхо нагузоранд
Зоҳид , кам худ гӯ , ба ҳарифон чу нишастӣ
Бигзор ки бо хеши туро во нагузоранд
Рифъати талабонро нарасад даст ба ҷое
То по ба сари давлат дунё нагузоранд
Умеди ҳазини инки дарин аҳд , накӯён
Кори дили имрӯз , ба фардо нагузоранд .