Дилам ки шоҳиди умед , дар канор надид

Ҷабини субҳи шаби тор интизор надид

Дар офтоби қиёмат ба сар чигуна барад

Касе ки сояи он сарв пойдор надид ?

Дилам ки буии гулаш бар димоғ буд гарон

Чаҳ фитнаҳо ки дар он зулф тобдор надид

Шимурда зад нафаси хуи ҳарки дар олам

Чу субҳ , оинаи хотираш ғубор надид

Ҳазин , ба булбули овораи зошён раҳм аст

Ки дар хазони з чаман рафт ва навбаҳор надид