Аз дилам бархест дӯдӣ , осмон омад падед

Гардӣ аз хотир фишондам , хокдон омад падед

Ҳарф ишқ омад ба лаб , шӯри қиёмат соз шуд

Доғи дил гул кард , меҳр ховарон омад падед

Рух намӯдӣ , ҷинат мавъӯд гардид ошкор

Ҷилвагар гаштӣ , ҳаёт ҷовдон омад падед

Хок бесармоя , маҷнӯну хароби афтода буд

БрФшондии дасту дил , дарё ва кон омад падед

Қад ба нози афроштии ғавғои маҳшар рост шуд

Ҳарфӣ аз худ сохтӣ , шӯр ҷаҳон омад падед

Ҷон рамед аз улфати тан то ту рафтӣ аз миён

Омадӣ то дар канор , ором ҷон омад падед

Як табассум кардӣу шӯр ҷаҳон шуд ошкор

Як ишорат кардӣ ва сад достон омад падед

Бурқаъ аз рух то кашидӣ ҷайби гулҳо чок шуд

Соя то андохтӣ , сарв равон омад падед

Дарди ҳиҷрони ту ҷон беқаророн доғ дошт

Рух намӯдӣ , оташи сад хонимон омад падед

Дидамегаван сохтӣ , майхонаҳо дар гирд шуд

Гирди мижгони рехтӣ , дайр Муғон омад падед

Рехти дасти ғами ҳазин , дар дили марои сад ранги доғ

Синаамро чок зад , ҳашар ниҳон омад падед