Ҳавои ишқи бурунами зи нанг ва ном кашид

Ба тавбаи номаи ман , ёри хат ҷом кашид

Хушо ҳарифи шаробӣ ки фикр шом надошт

Ниҳоди лаб ба шати бода ва тамом кашид

зи ишқи пок ба ҳар шеваи ту муштоқам

Ба хашм ва кин натавон аз ман интиқом кашид

Ҳануз аз он хати мишкӣн хабар надошт дилам

Ҳавои донаи холати маро ба дом кашид

зи ман ҳадиси вафоу ҷафоӣ хеш мапурс

Ки поси роз , забони марои з ком кашид

зи кӯии анҷуму афлоки рахт хеш барор

Барои ҷо натавон миннат аз лӣом кашид

Баҳори айш дар оғӯш ғунча хусбон аст

Насими субҳ ба гӯши ман ин паём кашид

Матоъи унсуру афлоки воспори ҳазин

Ки хор шуд , зи фурӯмоя ҳар ки вом кашид