Лаб ташна теғем , зи кавсар чаҳ кушояд ?

Дарё каш захмем , зи соғар чаҳ кушояд ?

Дар соя доғем , зи хуршед чаҳ миннат ?

Ҳамсоя бахтем , зи ахтар чаҳ кушояд ?

Доруи надиҳади суд ба бемори муҳаббат

Умр ар гузарад талхи зи шукр чаҳ кушояд ?

Тамкин равад аз даст , дил ояд чу ба тӯфон

Дарё чу ба ҳам хӯрд зи лангар чаҳ кушояд ?

Носеҳ чаҳ диҳад биҳдаҳ бар боди нафас ро

Девонаи ишқам , зи фусунгар чаҳ кушояд ?

Дар толеъ худ бинад агар давлати васлат

Ойӣна , назари пеши Сикандар чаҳ кушояд ?

Ҳар захм ба рӯй дили ошиқ дар фатҳии сет

Зин беш зи теғи ту ситамгар чаҳ кушояд ?

То ёр шуд аз дида , ниҳодами мижа бар ҳам

Шаҳбози назар дӯхтаам пар чаҳ кушояд ?

Дар базм гушойанд чу девони ҳазин ро

Хумор , хами майкадаро сар чаҳ кушояд ?