Ба хомӯшии сафири ошноӣ метавонам зад

Чу не аз доғҳои худ навое метавонам зад

Ҳамин ман мондаам имрӯз танҳо аз дили аФгорон

Ки пеши дӯстони ҳарфи вафое метавонам зад

Наво санҷ хамӯшӣ кист ғайр аз ман дарин гулшан ?

Ки ҳарфӣ бо нигоҳи серумаи сое метавонам зад

Агар дастам буд кӯтоҳ аммо ҳимматӣ дорам

Ки бар нақди ду олами пушти пое метавонам зад

Абаси хӯни ҷигар зойеъ кунӣ эй чашм бе парво

Азин май соғари мрдозмоиӣ метавонам зад

Чунон оҷизи ним каз ҳоли ман ғофил шавад нозат

Ба хӯни хеши ҳам ман дасту пое метавонам зад

Дилам бо ҳалқа мотам нишинон улфатӣ дорад

Ҳануз эй гиряи нокон ,ҳоиҳоӣ метавонам зад

Наёрам чун ҷараси бардошт аз дӯш касе борӣ

Ҳамин гум карда роҳонро , салое метавонам зад

Ним бегона зон гул , хорхорӣ дар ҷигар дорам

Чу булбули нолаи дарди ошноӣ метавонам зад

Ҳазин аз худнаме гӯям сухан , гӯшӣ ба ҳарфам кун

Ним ман , аз дами ноеи навое метавонам зад