Гар ба шухии шарарӣ дар пар парвона заданд

Оташи ишқи маро дар дил девона заданд

Вақти мисатони ту хуши бод ки дар дайри Муғон

Бода бо мӯҳтасиби шаҳр , ҳарифона заданд

Ҷигар хеш фишурданд ва ба соғар карданд

Лолаи сон , сӯхтагони ту чу паймона заданд

Дили арбоби вафо бар сари ҳам рехта аст

Дар ҳаримӣ ки сари зулфи туро шона заданд

Воъизи афсона чаҳ ҳосил ки сабӯҳӣ задагон

Дар тавфиқ ба як наъра мастона заданд

Ҳасан дар ҷилвагарӣ ҷони ҷаҳониро сӯхт

Оташ аз партави ин шамъ , ба кошона заданд

Оташини чеҳра батонро , набӯд парвое

Сад даҳани ханда , ба ҷонбозӣ парвона заданд

Ошиқонро набӯд аз шаҷари таври камӣ

Шуъла дар ҷону дил аз ҷилва ҷонона заданд

Шӯхи чашмони дил фориғ нагузоранд ҳазин

зи ошнои ишваи нигоҳӣ , раҳ бегона заданд