Ҳиммати мо мадади пер ва ҷавон хоҳад буд

Хоки мо хоки муроди ду ҷаҳон хоҳад буд

Гирди исён агар аз чеҳраи ҷони афшонӣ

Остини караматро чаҳ зиён хоҳад буд ?

Акс берун наравад зи оинаи ҳайрати мо

Дида то ҳаст , ба рӯят нигарон хоҳад буд

Лаби лаълат ба дили танг чаҳ хӯнҳо ки накард

Ғунча то ҳаст зи хуноба кашон хоҳад буд

Нашавад як нафас аз зикри ту хомӯш , ҳазин

Ҳамаи дами номи хушати вирд забон хоҳад буд