Имшаб ки дил дар оташи он глъзор буд

Ҳар мӯӣ бар танами раги абри баҳор буд

Ғофил намӯд чеҳрау дидор , рӯи надод

Чашмӣ ки доштам ба раҳи интизор буд

Маҳрӯмии висоли ҳамин дар фироқ нест

То ёр буд дида ба ҳайрати дучор буд

Имрӯзи табъ дар паии фикр баланд нест

Шаҳбози мо ҳамеша ҳумоюни шикор буд

Он шохи гули зи ҳол ки пурсади дарин чаман ?

Чун ман ҳазор ошиқ беэътибор буд

эй гиряи гирди ғами нншондӣ чаҳ фоида ?

Бисёр хотирам ба ту умедвор буд

Набӯд ба ғайри синаи хунини дилони ҳазин

Даштӣ ки лолааш ҷигари доғдор буд