Гулистони муҳаббати сарв озодӣ наме дорад

Баҳори ошиқӣ , мурғи чаман зодӣ наме дорад

Саҳар мехонд булбул дар гулистон аз китоби гул

Ки илми ошиқии ҳоҷат ба устодӣ наме дорад

Агар мурғи чаман сайраст вагар Кебек биёбоне

Киро аз даст дил дидӣ , ки фарёдӣ намедорад ?

Дарин саҳро ба сайдӣ раҳмам ояд каз збўниҳо

Сиррӣ дар ҳалқаи фитрок сайёдӣ наме дорад

На танҳо ғорат нозаст дар исломи пардозӣ

Диёри брҳмни ҳам , дайр ободӣ наме дорад

Кадомин фитна дидӣ дар қиёматгоҳи бахти мо

Ки сар дар домани зулф призодӣ намедорад ?

Ҳазини он дили қарораш чун буд дар сина ? ҳайронам

Ки захм аз ғамзаи мижгон ҷаллодӣ наме дорад