Дил дар хами зулф ӯ савдоӣ дигар дорад

Бо силсилаи девонаи ғавғоӣ дигар дорад

Бо ҷазбаи муштоқӣ , бошад ду ҷаҳони гомӣ

Дар домани дили ошиқ , саҳроӣ дигар дорад

Саҳроӣ талаб дорад , дар ҳар қадамии таврӣ

Ҳар санги дарин водии мўсоӣ дигар дорад

Гар ишқ ниҳон бозад бо худ аҷабӣ набӯд

Дар пардаи дили маҷнӯн , Лайлоӣ дигар дорад

Афлоки нигаҳбони ишқ ту наме бошад

Ин бодаи зӯровари миноӣ дигар дорад

Дар маҷлиси мо як кас ҳушёр наме гардад

Дар ҷоми магари соқии саҳбоӣ дигар дорад ?

Пайдост ҳазини мо аз далқ ме олудаш

Кин ринди хроботӣ , тақвоӣ дигар дорад