Мурғи асирӣ ки захм хор надорад
Ҳеҷ нишонеи зи ишқ ёр надорад
Гар зи ту дил бркнм бигӯ ба ки бандам ?
Ҳечкас ин чашми пар хумор надорад
Баҳр чаҳ донад ки абр , қатраи куҷои рехт ?
Дили хабар аз чашм ашкбор надорад
Дил абас афтод дар ҳавоӣ тапидан
Қулзум ишқаст ин , канор надорад
Бас ки гурезони зи ошнои халқам
Акс дар оиинҳом гузор надорад
Машҳад парвонааст олами боло
Куштаи шамъи қадат мазор надорад
Фитна даврон намерасад ба нигоҳат
Чашми ту корӣ ба рӯзгор надорад
Талъати моҳи маро ба меҳр чаҳ нисбат ?
Ҷилваи сарви маро баҳор надорад
Ҷамъ насозӣ дил аз тараҳҳуми даврон
Дӯстии душман эътибор надорад
Дар шикани барқ , ошён нагузорӣ
Боғи ҷаҳони нахл пойдор надорад
Кӣнаи душмани куҷои ҳазину дили ман ?
Сина ойӣнаам ғубор надорад