Набӯд аҷаб ки дида ба дидор ме расад
Файзи чаман , ба рахна девор ме расад
Гардад қабули узри гиребон пора ам
Дастам агар ба доман дилдор ме расад
Айбам макун ки ҳавсила сӯз аст мастем
Паймонаи нигоҳи ту , саршор ме расад
Озодагӣ гузин ки азин дашти пурфиреб
Гар мерасад ба ҷой , сбкбор ме расад
Дилтангӣ аз фиғони ман эй ғунчаи лаб чаро ?
Як нолаи ҳам ба мурғ гирифтор ме расад
Дорад умедвори марои бахти сабзи хеш
Охир ба васли оина , зангор ме расад
Ҳаргиз надидааст зи душман касе , ҳазин
Онҳо ки бар ман аз ситам ёр ме расад