Шӯри дилҳо буд таронаи мо

Намаки дидаҳо фасонаи мо

Даст парвардагон сайёдем

Қафаси мост , ошиёнаи мо

Сари рифъат ба арш ме сояд

Илми оҳи ошиқонаи мо

Хиради афтода буд субҳи азал

Бе худ аз бодаи шабонаи мо

Ёдгори ҳазор ранг гул аст

Хасу хошоки ошиёнаи мо

Карда савдои ишқи хонаи хароб

Чини зулфӣ ,нигор хонаи мо ! ?

Дар муҳаббати дарози боди ҳазин

Умри ғамҳои ҷовдонаи мо