Тан дидаанд аз ману ҷонам надида анд

Номам шунидаанду нишонам надида анд

Онҳо ки оваранд сабк дар назари маро

Бечорагон , ба кӯии Муғонам надида анд

Қавмӣ ки саркашанд зи нихват бар осмон

Бар остони майкадаи шанам надида анд

зи оворагони даҳри шморндми аблаҳон

Дар ломакони қудси маконам надида анд

Ҷамъӣ ки шак ба шан сулаймонем кунанд

Зери нигин , замину замонам надида анд

Лаби ташнагони бодияи шавқи слсбил

Оби ҳаёти шеъри равонам надида анд

Танҳо зананд лоф ба майдони гуфтугӯ

Онон ки зулфиқори забонам надида анд

Гар мондаанд дар сафи даъвӣ , гарони рикоб

Чолокеи зи дасту Аннанам надида анд

Пӯшидааст дидаи нодидагони ҳазин

Анқои мағрибам ки нишонам надида анд