Саргарми фанои фикр дигар ҳеҷ надорад
Шамъи саҳарии барги сафар ҳеҷ надорад
Ҷузи шӯриши офоқ ба олам хабарӣ нест
Осӯдаи дили мо ки хабар ҳеҷ надорад
Беҳуда буд зибри фалак бол фишонӣ
Ин танги қафаси равзан ва дар ҳеҷ надорад
Берун натавон кард сар аз ҷайби салоҳам
Ин хирқа ба ҷузи домантар ҳеҷ надорад
Ҷое ки барояд зи камӣни теғи тағофул
Ҷузи доғи дили риш , сипар ҳеҷ надорад
Як зарра , туҳидаст нарафт аз дар қисмат
Нолидан аз он не , ки шукр ҳеҷ надорад
Онҷо ки назарбоз буд дидаи дилҳо
Ёқӯби ғами ҳиҷри писар ҳеҷ надорад
Осӯдагар аз санг шуд , аз арра ҷудо нест
Нахлӣ ки дарин боғ , самар ҳеҷ надорад
То ҳаст , дилам беқафасу банд асир аст
Зиндони вафои роҳ ба дар ҳеҷ надорад
Он лаъл меолуд , кабобии намакин тар
Дар оташ , азин лухти ҷигар ҳеҷ надорад
Соқӣ ба меноб фикан киштии мо ро
Ин лаҷаи пуршӯр , хатар ҳеҷ надорад
Он кӣса ки бар меҳру вафо дӯхта будам
Ғайр аз зари доғи ту дигар ҳеҷ надорад
Дар маъракаи ишқи ту , по пас нагузорам
Муштоқи шаҳодати ғами сар ҳеҷ надорад
То соҳил паймона раседем ва нишастем
Ин оби тнки моя , гузар ҳеҷ надорад
Маҳрӯми мҳли чашми ҳазини нигарон ро
Бе хоки раҳати нури назар ҳеҷ надорад