Сабоҳи васл ба бахтами асар чаҳ хўоҳдкрд ?
Ба тираи рӯзии шомами саҳар чаҳ хоҳад кард ?
Маро ки ҷоми тағофули диҳӣ ба базми висол
Фироқ , комами азин талхтар чаҳ хоҳад кард ?
Шароб меҳр наҷӯшад туро зи зории мо
Ба коми хушки лабони чашмтар чаҳ хўоҳдкрд ?
Асир ишқ нахоҳад сари фароғати хеш
Ба мурғи бсмли мо болу пар чаҳ хоҳад кард ?
зи марг , тафриқа набӯд дили шикеб ро
Ба ормидгии мо сафар чаҳ хоҳад кард ?
Касе ба серумаи тақлиди хира чашм мабод
Басиратӣ чу набошад басар чаҳ хоҳад кард ?
зи санги ҳодиса даҳр эминем ҳазин
Дили шикастаи моро дигар чаҳ хоҳад кард ?