Диҳад соқӣ агар соғари чунин , махмур нагузорад
Будгар ҷилваи мастонаи ин , мастур нагузорад
Ба афсунии табиби ишқ дармон кард дардам ро
Муҳаббатро дами исо буд , ранҷур нагузорад
Дар он базмӣ ки ман паймона тавҳид паймоем
Хуморами қатрае дар соғар Мансур нагузорад
Иморати барнамеи тобади куҳани вайронаи дунё
Чаро созам ? ки сайлоби фано маъмур нагузорад
Агар нагузорад аз каф , косаи кашкули қаноат ро
Гадо аз нози поро бар сар фағфур нагузорад
Ба сидқи дил гар ояд ҷониби майхона , ман зомин
Ки соқии ақдҳои дар хотир ангур нагузорад
Ҳазин дар ишқ аз кафи лангар таслим нагузорӣ
Маҷоли дасту пои ин қулзум пуршӯр нагузорад