зи файз рӯй ту хат комёб ме бошад

Чароғ гӯша нишин моҳтоб ме бошад

Чаҳ мешавад ? гарави бӯсаи дили зи ман бустон

Матоъи хонаи мулло , китоб ме бошад

Хаёл зулф наҳафтум ба дил , надонистам

Ки буи , парда дар машк ноб ме бошад

Кушода рӯй буд , дар диласт то маънӣ

Нафас ба чеҳраи матлаб ниқоб ме бошад

зи ашки талхи ман аҳволи дил тавон фаҳмид

Ҳамеша накҳати гул богулоб ме бошад

Ман аз сукути фалак , тарк муддао гуфтам

Лаб хамӯш , ба соил ҷавоб ме бошад

Аҷаб набошад агар дил шикастаем ҳазин

Шикаст бо варақ интихоб ме бошад