Аҳли қалами фароғат дунё наме кунанд
Корӣ ки даст мекунад аъзо наме кунанд
Теғ бараҳнааст касе каз тамаъ бурид
Озодагон ба халқ мудоро наме кунанд
Беорзӯ шавад дил бе орзӯи насиб
Инаст давлатӣ ки таманно наме кунанд
Бар доман ризост сари хастагони ишқ
Афтодаанду такя ба дунё наме кунанд
Гули ншкФди зи гулбуни афсурдаи хотирон
То абри дидаро чаман оро наме кунанд
Рӯй нигоҳ аҷз надоранд ошиқон
Сари зери теғи он мижа боло наме кунанд
Нақдаст қисмати ҳамаи дилҳо зи ҷаври ту
Арбоби ҷӯади ваъда ба фардо наме кунанд
Хоки муроди дида варонаст гирди ғам
Ин хокро ба коса дунё наме кунанд
Бино намешавад дили шӯридагони ҳазин
То дидаро ниқоб тамошо наме кунанд