Кӣ аз мо чашми сӯрати байни мардум ҳол мебинад ?

Чаҳ дигари дидаи ойӣнаи ҷуз тимсол мебинад ?

Аз он рӯзӣ ки ман дар пои ишқ аз пои афтодам

Ғизоли чашми шӯхи ёр дар дунбол ме бинад

Хумор ман надорад дида дар роҳ майу соқӣ

Ба кафи доғи ҷунунро ҷом моломол ме бинад

Марои ойӣнаи гетии намои хишти сар хам шуд

зи ҷоми худ агар ҷам , сӯрат аҳвол ме бинад

Ба чашми сифлагони даҳр , золимро буд шоне

Магаси занбӯрро шаҳбози заррин бол ме бинад

Либосӣ ёфтам , ирфони шайхи хонақоҳӣ ро

Тасаввуфро ҳамин дар хирқаҳои шол ме бинад

Ҳазин аз ҷои дил девонаам гар рафт ҷо дорад

Ки оламро пар аз бозича атфол ме бинад