Боди сабои фасонаи зулфи ту соз кард

Пайғоми ошно , шаби моро дароз кард

Гардид қисматами зи азали ишқи шуълаи ху

Соқии маро ба ҷуръа меҷонгдоз кард

Афзӯн шуд аз баҳори хатат , шӯри ошиқон

Найранги боғ , нолаи мурғон дароз кард

Гуё лаболаб аз май аҷзу ниёз буд

Паймонае ки чашми туро маст ноз кард

Магушоӣ лаб ба қиссаи рози ниҳони ҳазин

Натавон ҳадиси шавқ ба умр дароз кард