Хиромади ёри ман мастона ҳар роҳӣ дучор ояд

Магари як бори ҳам аз кӯчаи роҳ интизор ояд

Гуворо нест оби зиндагонӣ , бе ҳриФонм

Ба ҳасрат май кашами паймонае , то гул ба бор ояд

Шаробӣ чун надорам бо кабоби хеш май созам

Дил худ мехӯрам дар ошён то навбаҳор ояд

Куҳани авроқи мо ҷонои ҳумоюн фол ме бошад

Нигаҳи дори ин дили сӣ пораро , гоҳе ба кор ояд

Ҳазин ошуфта дорад хомаамро хати Мишкӣнӣ

Неи ман нола ҳар ҷо сар кунад , буи баҳор ояд