Худовандо тасаллӣ кун , дили умедворон ро

Ба улфати оштии даҳ , он қарор беқаророн ро

Ғам дерина дорад улфатӣ бо чашми гирёнам

Шароби куҳна муштоқаст , абри навбаҳорон ро

Намак парварда ишқем ва дорем аз лабати шурӣ

Ба марҳам ошноӣ нест , доғи дили фигорон ро

Сулӯкам дар тариқи ишқ бо ёрон ба он монад

Ки мӯри ланг ҳамроҳӣ кунад , чобуки саворон ро

Гиребон чок бошад далқи мо трдомнон то кӣ ?

Ба май олӯдаи гардон , хирқаи парҳезгорон ро

Дили оҷиз , ҳарифи тарки чашмат кӣ тавонад шуд ?

Ба хӯни ғалтондаи мижгонат , сафи хнҷргзорон ро

Ҳазини осӯдагӣ сӯрат набандад бо сухан санҷӣ

Каманд аз печу тоби худ буд , маънии шикорон ро