Дорам зи резиши мижа , ҷайбу канори хуш

Бошад чаман ба сояи абри баҳори хуш

Чун шишаии шикаста , дар афсурдаи анҷуман

намеоядам зи гиря бе ихтиёри хуш

Ҳар ҷои муоширон ту бошанд аҳли дил

Мастӣ хушасту зуҳд хушасту хумори хуш

Аз дидаам қадами макаш эй нозанини ниҳол

Сарви сеӣ буд ба лаби ҷӯйбори хуш

Дар гиру дори нохуш ва хуш нестам ҳазин

Бошад дилам ба хостаи кирдигори хуш