Шодем ки шуд ҷаҳони фаромӯш

Ҷонон нашавад зи ҷони фаромӯш

Шеван наравад ба васлам аз ёд

Булбул накунад фиғони фаромӯш

Дар даври нигоҳи фитнаи хезат

Ошӯб кунад ҷаҳони фаромӯш

эй душмани ҷон ки ҳаргизат нест

Азкинаҳи дӯстони фаромӯш

Чун теғ ба ошиқон кашидӣ

Моро макун аз миёни фаромӯш

Гар ёд кунад шиканҷи зулфат

Булбул кунад ошёни фаромӯш

Гар номи ҳазин ба хотират нест

Науммат нашуд аз забони фаромӯш